Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин таҳримҳои нав алайҳи Русияро беасос хонд


Владимир Путин ҳангоми гуфтугӯи мустақим. 15 июни соли 2017
Владимир Путин ҳангоми гуфтугӯи мустақим. 15 июни соли 2017

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳеҷ асосе барои ҷорӣ кардани таҳримоҳи нав алайҳи Русия, мавҷуд нест ва ҳадафи Ғарб танҳо сиёҳ кардани Русия аст.

Раиси ҷумҳури Русия ин мавзӯро рӯзи 15 июн дар лаҳзаҳои аввали посухҳои мустақими телевизионӣ ба суолҳои мардум матраҳ кард.

Вокуниши Путин ба мавзӯи таҳримҳо 24 соат баъди пуштибонии назарраси Сенати Амрико аз таҳкими таҳримҳои ҷории иқтисодӣ алайҳи Русия садо дод. Амрико ин таҳримҳоро дар посух ба амалкардҳои Русия дар Украина ва дахолати эҳтимолиаш ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ҷорӣ кард.

Путин гуфт, ки ҳеҷ асаосе барои эълони таҳримҳои нав алайҳи Русия мавҷуд нест ва ин ибтикор аз муборизаҳои сиёсии дохили Амрико сар мезанад.

Соли 2014 ба думболи ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва пуштибониаш аз ҷудоихоҳони Шарқи Украина, Ийолоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврпуо силсилаи таҳримҳоро алайҳи Маскав ҷорӣ карданд. Бар асари ҷанги ҷудоихоҳон дар Шарқи кишвар беш аз 10 000 инсон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG