Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони "Москва слезам не верит" даргузашт


Актёр Алексей Баталов
Актёр Алексей Баталов

Матбуоти Русия хабар дод, ки ситораи синамои замони Шӯравӣ Алексей Баталов дар синни 88 солагӣ даргузашт.

Як дӯсти ӯ рӯзи 15 июн ба нашрияи "Комсомолская правда" гуфт, ки Баталов зимистони соли равон афтода рони пояшро маъюб кард ва маргаш низ дар пайи печидагии ҳамин маъюбӣ даррасид.

Сергей Баталов яке аз маъруфтарин ҳунармандони синамои Шӯравӣ дар марҳилаи баъди марги Сталин ва нармиши замони Никита Хрушев буд.

Ӯ дар бештар аз 40 филми ҳунарӣ, аз ҷумла филмҳои машҳӯри "Парвози турнаҳо" ва "Марди азиз" нақшҳои аввалро бозид. Аммо нақши хотирмони Баталов дар филми " Маскав ба ашк бовар надорад", ӯро машҳӯр кард.

Соли 202 Алексей Баталов дар бахши "Иззату ифтихор" ба ҷоизаи аслии синамои Русия - "Ника" сазовор шуд. Соли 2008 у аввалин ҳунарманде буд, ки ҷоизаи "Эътирофи мухлисон"-ро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG