Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сенатори маҷрӯҳ Стив Скализ бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад


Сенатори ҷумҳурихоҳ Стив Скализ
Сенатори ҷумҳурихоҳ Стив Скализ

Сенатори амрикоӣ Стив Скализ, ки рӯзи гузашта дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Александрия захм бардошт, баъди амалиёт дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Дар ин бора рӯзи 14 июн мақомоти бемористон хабар доданд.

Ба ҷуз Стив Скализ, раҳбари гурӯҳи умдаи ҷумҳурихоҳон дар Палатаи намояндагон, боз чор нафари дигар - ду муҳофиз ва корманди дастгоҳи Конгресс захм бардошт. Ҷароҳатҳои онҳо хатарнок нест.

Худи ҳамлагар бар асари захмҳое, ки ҳангоми боздошт бардошта буд, ба ҳалокат расид. Ҳамлагар марди 66 сола Ҷеймс Ҳодгкисон аз шаҳри Белвилл, аёлати Иллинойс буд, ки аз сенатор Берни Сандерс пуштибонӣ мекард. Сандерс ҳамроҳ бо Ҳиллари Клинтон барои пешбарии номзадиаш дар интихоботи соли 2016 мубориза мебурд. Сандерс ҳамларо маҳкум кард.

Ҳодгкинсон дар майдони варзишии шаҳри Александрия вақте оташ кушод, ки конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ машғули тамрин буданд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, ҳамлагар аввал пурсид, ки бозингарон намояндаи кадом ҳизб ҳастанд ва сипас оташ кушод.

Президент Трамп Стив Скализро дӯст ва ватанпараст номид.

XS
SM
MD
LG