Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон ҷасади додрасро ёфтанд, гумонбар боздошт шуд


Дар шаҳри Кокшетау ҷасади раиси ҳайати додрасии парвандаҳои ҷиноии вилояти Оқмуллои Қазоқистон Жанна Бердигуловаро кашф карданд. Ба гуфтаи пулис, додраси 46-соларо рӯзи 13 июн дар манзилаш аз роҳи хафа кардан ба қатл расониданд.

Ба маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, ибтидо ба пайвандон ва ҳамкорони Бердигулова хабар доданд, ки вай аз сактаи қалб фавтидааст. Дертар ташхис нишонаҳои марги иҷбориро кашф намуд.

Сухангӯи Шӯъбаи умури дохилии вилоят Гулнор Пинчук ба хабарнигорон гуфт, дар робита ба ҳодиса парвандаи “қатл” боз шудааст. Пулис як сокини 32-солаи вилоятро, ки пештар бо айбномаи куштор зиндонӣ гаштааст, ҳамчун гумонбаршудаи қатли додрас ба ҳабс гирифт. Боздоштшуда аллакай дар ин ҷиноят иқрор кардааст. Ангезаҳои куштор ошкор нашудаанд.

Видеоҳои охирин

Камбуди доллар дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG