Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 12 то 15 сол. Эълони ҳукми Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш. ВИДЕО, САДО


Қадамҷон Сафизода, корманди собиқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Додрас рӯзи 14-уми июн гуфт, ки Сафизода ва шаш ҳамроҳаш ба "соҳибкории ғайриқонунӣ”, "дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон", "қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ" ва "сӯистифода аз боварӣ" айбдор гардиданд.

Ҳукми Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00
Линки мустақим

Вакили дифои Қадамҷон Сафизода мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояташ қонуни афви соли гузашта татбиқ гардида ва аз мӯҳлати ҷазои ӯ панҷ сол кам шудааст. "Бо назардошти онки якуним соли дигар боздошт буд, барои 8,5 сол равонаи зиндон гардид", - афзуд вакил.

Қаблан волидони онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт буданд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ ба “ҷинояти дараҷаи миёна” даст задаанд.

Рустам Ҳакимов – додраси парванда – ҳангоми қироати ҳукм паси дарҳои баста дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ гуфтааст, шаш ҳамроҳи дигари Қадамҷон Сафизода – Парвиз Назаров, Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев, Зуҳал Сангинов ва Ҳикматулло Хоҷаев аз 12 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Нисбат ба онҳо низ қонуни афви соли гузашта татбиқ гардидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз 12 то 15 сол. Эълони ҳукми Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Ин афрод, дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор шуданд. Қаблан волидони онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд.

Наздикони Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳони ӯ аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда ва ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз болои он ба зинаҳои дигари додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд. Вакили дифои ин афрод ҳам гуфт, ки додрас ҳангоми баррасӣ ҷанбаҳои сабуккунандаи ин парвандаро ба назар нагирифтааст.

Талаби аз 13 то 17 сол зиндон барои Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рӯзи 8-уми июн, аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб карда буд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ шуд.

Қадамҷон Сафизода 14 январи соли 2012, дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуда буд. Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад.

Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист.

XS
SM
MD
LG