Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Тӯбҳои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев (аз зарбаи ҷаримавӣ), Дилшод Восиев ва Манучеҳр Ҷалилов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Бозии Тоҷикистон ва Филиппинро довар аз Сурия ҳакамӣ кард.