Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷефф Сешнз иттиҳоми "созиш" бо Русияро "дурӯғе ваҳшатнок" донист. ВИДЕО


Ҷефф Сешнз
Ҷефф Сешнз

Вазири адлия ва ҳам додситони кулли Амрико Ҷефф Сешнз, ки масъулияти назорат бар Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ва ё FBI-ро бар ӯҳда дорад, рӯзи 13-уми июн дар бораи иртиботаш бо сафири Русия дар Амрико гузориш дод. Ӯ ҳангоми гузориш дар Сенати Амрико ҳамагуна иттиҳоми "созиш" бо Русияро "дурӯғе ваҳшатнок ва нафратангез" донист.

Таваҷҷӯҳ ба ҳузури Ҷефф Сешнз аз он сабаб зиёд аст, ки ӯ ҳангоми таъйиди номзадиаш дар мақоми додситони кулл аз тарафи Конгресси Амрико, дар бораи мулоқоташ бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон чизе нагуфтааст.

Дар баробари таҳқиқи FBI кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Сенат дар бораи дахолатҳои эҳтимолии Русия ба интихоботи моҳи ноябри соли 2016 таҳқиқ пеш мебаранд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 9-уми май Ҷеймс Коми, мудири FBI-ро аз мақомаш барканор кард ва ба гуфтаи матбуоти Амрико як рӯз баъд ин корашро дар ҳузури як мақоми Русия таъриф кардааст.

Ҷеймс Коми рӯзи 8-уми июн ҳангоми гузориш дар ҳузури вакилони амрикоӣ дар Сенат, аз эҳтимоли бархӯрди манфиатҳо ва талош барои монеагузорӣ дар тафтишот сӯҳбат кард.

Пахши зиндаи гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷефф Сешнз пештар аз ин бо назардошти мулоқоташ бо сафири Русия аз назорати тафтиши FBI дар бораи Русия худро канор кашид. Вале дар ниҳоят як номаеро имзо гузошт, ки дар он ба раиси ҷумҳур тавсия додаанд, Ҷеймс Комиро аз мақомаш барканор кунад.

Коми ин амалкардро ғайримуқараррӣ номид. Роберт Мюллер, мудири собиқи FBI баъдан аз тарафи додситонии кулли Амрико раҳбари тафтиши қазияи Русия таъйин шуд.

Таҳқиқоти мазкур идома дорад. Ба қавли як намояндаи додситонӣ, худи Ҷефф Сешнз гуфтааст, ки мехоҳад, дар ҳузури вакилон гузориш бидиҳад, чун зарур мешуморад, ки мардуми Амрико ҳақиқатро аз забони шахсони аввал бишнавад.

XS
SM
MD
LG