Пайвандҳои дастрасӣ

Зариф Саудиро ба пуштибонии террористҳо дар Эрон муттаҳам кард


Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, Арабистони Саудиро ба пуштибонии “фаъолона” аз террористҳо дар Ғарб ва Шарқи Эрон муттаҳам кард.

Зариф, ки рӯзи 13-уми июн дар ҳошияи конфронси Осло сӯҳбат мекард, гуфт, бино ба истихбороти Теҳрон, Арабистони Саудӣ гурӯҳҳои террористиро дар вилоятҳои аҳолиаш асосан суннии Сиистон, Балучистон, ҳаммарз бо Покистону Афғонистон, “фаъолона” ташвиқ мекунад.

Изҳороти вазири умури хориҷии Эрон дар пасманзари ҳамлаҳои пурқурбонии рӯзи 7-уми июн ба порлумон ва мақбараи Оятуллоҳ Хумайнӣ пахш шуд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт ва Эрон иттиҳоми қаблиро такрор кард, ки Саудӣ ҷангҷӯёни исломӣ, бо шумули ДИИШ-ро сармоягузорӣ мекунад.

Салтанати суннии Арабистони Саудӣ, рақиби Эрони шианишин дар минтақа, даст доштанашро дар ҳамлаҳои ахир рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG