Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 8 гумонбари терроризм дар Беларус аз аввали сол


Боздоштҳо баъди ҳамлаи террористӣ дар Лондон

Валерий Вакулчик, раҳбари идораи амнияти Беларус, мегӯяд, ки аз оғози соли 2017 мақомот ҳашт гумонбари терроризмро боздошт карданд.

Вакулчик рӯзи 13-уми июн ба хабарнигорон дар Минск гуфт, бар пояи бозҷӯии ибтидоӣ дастикам яке аз гумонбарҳо дар созмондиҳии ҳамлаи террористӣ дар яке аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ даст дорад.

Раҳбари хадамоти амнияти Беларус аз ҳеҷ кишвари мушаххас ном набурд ва, инчунин, нагуфт, ки оё амали террористӣ сурат гирифта буд, ё не.

Вакулчик гуфт, ки соли 2016, Беларус 17 гумонбари даст доштан дар амалҳои террористиро боздошт кард. 21 гумонбар дар соли 2015 боздошт шуданд.

“Ин нафарон барои фаъолиятҳои террористӣ ва тундгароӣ дар Сурия ба рӯйхати байналмилалии афроди мавриди ҷустуҷӯ шомил буданд”, - гуфт Валерий Вакулчик.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG