Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷораи меҳмонхона занҳои Осиёи Марказиро ба танфурӯшӣ маҷбур кард


Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри сайёҳии Бодруми Туркия 6 зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо гумони танфурӯшӣ боздошт шуданд.

Пулиси Бодрум давоми ду ҳафта ин занҳоро зери назорат дошт. Миёни боздоштшудаҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон, ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Туркманистон ҳастанд.

Гуфта мешавад, занҳои боздоштшуда касбу кори мухталиф доштанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо табиб, дигаре мутахассиси компютер ва оҷонсии сайёҳӣ буда, дар ҷустуҷӯи кор бо ду шаҳрванди Туркия гуфтушунид доштанд, ки баъдан онҳоро ба фоҳишагӣ роҳнамоӣ карданд.

“Мо дар меҳмонхонаи гароне истиқомат мекардем. Маблағамон зуд тамом шуд. Шаҳри Бодрум бароямон хеле писанд омад. Мо нахуст дар меҳмонхона кор суроғ кардем, аммо пайдо нашуд. Бо он ду марди турк вохӯрдему фоҳишагӣ кардем. Нисфи маблағи даромадро ба он ду мард медодем. Танҳо давоми ду ҳафта мо қариб 14 ҳазор доллар даромад кардем. Мо худамон ба ин роҳ рафтем, касе моро маҷбур накардааст”, - мегӯяд шаҳрванди 29-солаи Русия Н.В.

Боздоштшудаҳоро ба мақомоти муҳоҷирати Туркия таслим карданд ва онҳоро ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG