Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ ба фурӯши "хиштҳои тиллоӣ" шурӯъ мекунад


Акс аз Ройтерс
Акс аз Ройтерс

Бонки миллии Тоҷикистон сар аз имрӯз ба фурӯши сабика ва ё “хиштҳои” тиллоӣ шурӯъ кард, ки талоше барои зиёд кардани сармоягузорӣ ва афзоиши пасандозҳо барои мардуми оддӣ ва ширкату муасиссаҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

Бонки Миллӣ рӯзи 12-уми июн бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, сабикаҳои ченакии тиллоӣ аз ҳамин рӯз ба муомилот бароварда шуданд. Ба гуфтаи Бонки миллӣ, сабикаҳо 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд.

”Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад” – омадааст, дар баёнияи бонк.

Нархи хиштҳои тиллоиро бар асоси қимати тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъйин мекунанд ва қимати он ҳамарӯза дар вебсайти Бонки миллӣ нашр мекунанд.

XS
SM
MD
LG