Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди Эрону Узбакистон дар Озодӣ оғоз мешавад


Майдони Озодӣ дар Теҳрон яке аз бузургтарин майдонҳои футбол аст.
Майдони Озодӣ дар Теҳрон яке аз бузургтарин майдонҳои футбол аст.

Имрӯз дар шаҳри Теҳрон тими миллии футболи Эрон бо дастаи Узбакистон рақобат мекунад ва дар сурати пирӯзӣ ба марҳилаи асосии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2018 роҳ меёбад. Бозии рӯзи 12-уми июн дар майдони Озодӣ дар шаҳри Теҳрон ва дар ҳузури 100 ҳазор нафар сурат мегирад.

Тими миллии Эрон ба раҳбарии мураббии португалӣ Карлос Куероз то кунун дар гурӯҳи худ дар минтақаи Осиё дар ҳафт бозии интихобӣ ягонтои онро набохтааст.

Карлоус Куероз ба хабаргузории “Ассосийэтед Пресс” гуфтааст, ки “Мо медонем, ки ҳоло бояд кор кунем, вале мо бисёр кӯшиш кардем, ки то ба ин мавқеи хуб бирасем. Бозии мо ба зидди Узбакистон осон намешавад, вале умедворем, муввафақ мешавем.”

Узбакистон дар гурӯҳи А дар минтақаи Осиё дар мақоми саввум аст ва дар сурати пирӯзӣ ба Эрон метавонад, ба марҳилаи баъдии мусобиқоти ҷаҳонии футбол роҳ ёбад. Аз ин гурӯҳ ду тими аввал ба марҳилаи баъдӣ мераванд, дастае, ки ҷои сеюмро мегирад, бояд бо тими дигар гурӯҳҳо бозӣ кунад ва дар сурати пирӯзӣ ба марҳилаи баъди роҳхат мегирад. Мусобиқоти ҷаҳонии футбол соли 2018 дар Русия баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG