Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Пуэрто-Рико барои пайвастан ба Амрико овоз доданд


Муҷассамаи Франклин Рузвелт дар Пуэрто-Рико
Муҷассамаи Франклин Рузвелт дар Пуэрто-Рико

Сокинони Пуэрто-Рико дар раъйпурсии рӯзи якшанбе аз пайвастани қаламрави худ ба ҳайъати Амрико ҳамчун аёлати 51-ум, бо аксарияти оро пуштибонӣ карданд. Наздик ба ним миллион райъдиҳанда ба тарафдории ин идея овоз дод.

Дар баргаҳои райъдиҳӣ ду пешниҳоди дигар низ буд, ки яке дар бораи истиқлолияти комили Пуэрто-Рико ва дигаре ҳифзи мақоми феълии он - давлати вобастаи ИМА. Дар раъйдиҳӣ 23 дар сади мардум ширкат кардаанд ва ин метавонад, натиҷаи референдумро зери суол бубарад. Чандин ҳизб аз иштирок дар раъйпурсӣ даст кашиданд.

Натиҷаҳои раъйпурсӣ дар ин ҷазираи воқеъ дар баҳри Кариб танҳо дар ҳоле ҳукми қонун мегирад, ки агар ҳарду палатаи порлумон ва раиси ҷумҳури Амрико онро тасдиқ кунанд.

Сад сол пеш ба шаҳрванди Пуэрто-Рико шаҳрвандии Амрико пешниҳод шуд, аммо онҳо наметавонанд, дар интихоботи президентӣ иштирок кунанд ва ҳақ доранд танҳо як нафарро ба ҳайси вакил, он ҳам бо ҳуқуқи маҳдуд, ба Конгресс бифиристанд. Сокинони ин ҷазира аз даромади худ молиёти федеролӣ намесупоранд ва дар муқоиса бо аёлатҳои дигар аз марказ камтар кӯмак мегиранд.

XS
SM
MD
LG