Mақомоти Эрон ҳафт нафарро ба гумони кумак ба омилони ду ҳамла дар порлумони Эрон ва оромгоҳи Имом Хумайнӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, рӯзи 10-уми июн хабар дод. Аҳмад Фозилиён, раиси кулли додгустарии вилояти Албурз гуфтааст, ки афроди гумонбарро дар минтақаи Фардиси ин вилоят дастгир карданд. Дар пайи ҳамлаи рӯзи 7-уми июн ба порлумон ва оромгоҳи Имом Хумайнӣ 17 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Мақомоти Эрон рӯзи 9-уми июн гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳамлаҳо 41 нафарро боздошт кардаанд. Вазири амнияти Эрон гуфт, панҷ марди ҳамлагар эронӣ буда, дар Ироқу Сурия ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.