Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ва Ҳинд узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуданд. ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ

Ҳинду Покистон ба сифати аъзои комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шуданд. Ин тасмимро рӯзи 9-уми июн сарони кишварҳои узв дар нишасти Остонаи Қазоқистон гирифтанд.

Аз Ҳинд ва Покистон дар нишаст сарвазирони ин кишварҳо ҳузур доштанд. То имрӯз Русия, Тоҷикистон, Чин, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмон буданд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз ҳамоиши ду кишвари нав истиқбол кард ва гуфт, ки густариши ҳайат созмонро нирӯманд мекунад. "Густариши ҳайати Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бидуни шубҳа ба нирӯманд ва бонуфуз шудани ин ташкилот мусоидат мекунад, ҳам дар саҳнаи сиёсӣ, ҳам иқтисод ва соҳаҳои гуманитарӣ", - афзуд ӯ.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар расми ифтитоҳи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 9-уми июн дар Остона гуфт, ин ҳамоиш оғози "таърихи нави созмон" хоҳад буд. Назарбоев гуфт, бо узвияти Ҳинд ва Покистон ба тани Созмони Шонгҳой "ҷони нав" медамад ва обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.

Дар ҳамоиши Остона эъломияи муштараки мубориза бо терроризм ва тундгароӣ ба имзо расида, раёсати даврии созмон аз Қазоқистон ба Чин гузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG