Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки имрӯз, 9-уми дар Остона -- пойтахти Қазоқистон оғоз мешавад, бо Си Ҷинпин, президенти Чин, мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот дурнамои муносибатҳои ду кишвар баҳсу баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин мулоқот сарони Тоҷикистон ва Чин ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд. Мубориза бо терроризму эктремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва ҳамкорӣ дар таъмини субот дар Афғонистон, аз масоили дигари гуфтугӯи оқои Раҳмон бо президенти Чин будааст. Манбаъ мегӯяд, ки президенти Чин аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки дар наздиктарин фурсат ба Чин сафар кунад.