Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухтор Аблязов ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Додгоҳи Алмато бонкдори пешин ва сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязовро бо иттҳоми дуздии сармоя, истифодаи ғайриқонунии дороиҳои бонки БТА ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ, дар ғиёбаш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Дар арафаи эълони ҳукм Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ аз Қазоқистон зиндагӣ мекунад, гуфт, иттиҳомотро қабул надорад ва ҳукми додгоҳҳои Қазоқистонро эътироф намекунад, зеро ба гуфтаи ӯ ин қазия ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Додгоҳ ҳамчунин се нафар аз ҳамкорони пешини Аблязовро ба муҳлатҳои гуногуни аз 5 то 15 соли зиндон маҳкум намуд. Бино бар қарори додгоҳ, аз маҳкумшудагон бояд 10 миллиард доллар рӯёнда ва ба бонк дода шавад.

Аблязов мегӯяд, мақомоти Қазоқистон бонки БТА-ро замоне аз ӯ гирифтанд, ки ба бузургтарин бонки кишвар табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG