Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои ҳалли буҳрон амири Қатарро ба муколама даъват кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия аз амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ал Танӣ даъват кард, ки барои ҳалли буҳрони Халиҷи Форс аз муколамаи дипломатӣ кор бигирад.

Дар гуфтугӯи телефонӣ Путин ҳамзамон мавзуи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Русияву Қатарро баррасӣ кард.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон низ кишварҳои арабиро ба муколама даъват карда буд. Ба гуфтаи Тиллерсон, муҳосираи Қатар бояд дар гирди мизи гуфтугӯ ҳал шавад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ гуфт, ки инзивои Қатар билохира "ба анҷоми даҳшати терроризм оғоз мебахшад".

5 июн Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Ливия муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бемаврид ва пуштибонӣ аз терроризмро - беасос номиданд.

XS
SM
MD
LG