Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирамарде аз Узбакистон бо дучарха озими ҳаҷ шуд


Ҳасан Ҳоҷибоев дар роҳ ба сӯи зиёратгоҳи президент Каримов

Ҳасан Ҳоҷибоев, пирамарде аз вилояти Намангони Ӯзбекистон ба қасди зиёрати хонаи Худо бо дучарха озими Арабистони Саудӣ шуд.

Ин марди 75-сола 2 июн ба роҳ баромад ва гуфт, ки ният дорад шаби 7 ё субҳи 8 июн ба марзи Туркманистон бирасад.

Ӯ ба хабарнигорон гуфтааст, барои убури марзҳои Туркманистон ва Эрон раводид надорад ва танҳо визаи хуруҷии Ӯзбекистонро дарёфт кардааст.

Моҳи сентябри соли 2016 Ҳасан Ҳоҷибоев бо дучархааш барои зиёрати қабри Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон, аз вилояти Намангон ба Самарқанд рафт. Ин марди бознишаста он замон дар роҳи рафту бозгашт 500 километрро тай карда буд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук сафари соли гузаштаи ӯро "ҳаҷҷи асғар" унвон карданд ва барояш дучарха хариданд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 21-уми майи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG