Гузоришҳо аз Афғонистон ҳокист, ки дар як таркиш дар шаҳри ғарбии Ҳирот дасти кам ҳафт нафар кушта шуд. Ҷилонӣ Фарҳод, сухангӯи волӣ гуфт, ки таркиш рӯзи 6 июн дар назди даромадгоҳи масҷиди ҷомеаи Ҳирот рух дод. Полис гуфт, ки тафтиши муқаддамотӣ ишора ба он дорад, ки инфиҷор бар асари таркиши бомбаи ба як мотосикл насбшуда рух дод. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.
Дар як таркиши пурқурбонии охири моҳи май дар Кобул 150 нафар кушта шуд ва баъди саркӯби толибон дар соли 2001 аз ҷониби эътилофи байналмилалии ба раҳбарии ИМА ин таркишро хунинтарин ҳамла меноманд.