Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона даъват дорад, ки буҳрони Қатар бо роҳи гуфтугӯ ҳал шавад


"Қазоқистон барои ҳалли буҳрони Қатар ба хештандорӣ ва расидан ба иттифоқи назар даъват мекунад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов.

Чанде аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср рӯзи 5-уми июн эълон карданд, ки робитаҳои дипломатӣ, равуои заминӣ, обӣ ва ҳавоиро бо Қатар қатъ мекунанд. Ин давлатҳо Қатарро дар пуштибонӣ аз тундгароён айбдор карданд.

Вазири қазоқ гуфт, Қазоқистон умедвор аст, ки ҳамаи ҷонибҳо ихтилофи назарро канор гузошта, вазъи пешомадро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал мекунанд. "Мо аз ҳамаи ҷонибҳое, ки дар қазия дохиланд, даъват мекунем, хештандор бошанд ва бо назардошти манфиатҳои миллии хеш қарорҳои судманд қабул кунанд. Аз ин моҷароҳо пеш аз ҳама миллатҳо зарар мебинанд", - гуфт вазири корҳои хориҷии Қазоқистон.

Пештар аз ин, вазири корҳои хориҷии Қатар ба "гуфтугӯи ошкоро" даъват кард ва мақомоти расмии Амрико низ гуфтанд, талош мекунанд, то ташдиди муносибатҳои миёни кишварҳо пойин оварда шавад.

XS
SM
MD
LG