Пайвандҳои дастрасӣ

Путин гуфт, ки алайҳи Трамп ягон маводи бадномкунанда надорад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин овозаҳоеро, ки гӯё як силсила маводи фошкунандаи зидди президенти ИМА Доналд Трампро дар даст дорад рад кард ва гуфт, Москва ба рафти интихоботи соли гузаштаи Амрико дахолат накардааст.

Дар мусоҳиба бо барномаи “Шоми якшанбе”- и Мегин Келлӣ дар шабакаи телевизионии NBC 4, Путин гуфт, "сарусадоҳо, ки мо алайҳи Трамп маводи бадномкунанда дорем, боз як ёваи дигар аст. Аз куҷо мо чунин маводро гирифтаем?”. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Маскав ба дахолат дар умури интихоботи Амрико ниёз надошт.

Путин ҳамзамон Иёлоти Муттаҳидаро ба дахолат дар интихоботи кишварҳои дигар айбдор кард. "Ба ҳар ҷойи харитаи ҷаҳон ангушт гузоред, садое баланд мешавад, ки намояндагони расмии амрико ба равандҳои дохилии интихобот дахолат кардаанд,” – гуфт ӯ.

Путин доштани ягон робитаи махсус бо президенти ИМА Доналд Трампро рад кард. Ин дар ҳолест, ки мақомоти адлияи Амрико эҳтимоли робитаҳои пинҳонии Москваро бо ситоди интихоботии Трамп таҳқиқ мекунанд. Ёвари пешини президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн моҳи феврали соли равон ба ин далел барканор шуд, ки тамосҳояш бо сафири Русияро пеш аз маросими савгандёдкунии Трамп, пинҳон дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG