Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили 37 нафар дар Филиппин собиқаи кор дар ҳукуматро дошт


Парчами Филиппин
Парчами Филиппин

Пулиси Филиппин гуфт, марде, ки болои як қиморхона дар пойтахти ин кишвар ҳамла кард ва 37 танро кушт, собиқаи кор дар идораи молиявии ҳукуматро дошт. Пулис рӯзи 4-уми июн гуфт, ин мард як қиморбози бузург буд ва чанде пеш аз кораш ихроҷ шуда буд. Оскар Албайалде, раиси пулиси Манила, пойтахти Филиппин, террористӣ будани ин ҳодисаро рад кард. Пеш аз ин гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо ба ӯҳда гирифта буд. Мақомоти Филиппин гуфтанд, Ҷессӣ Карлоси 42-сола се фарзанд дошт. Вай рӯзи ҷумъа, 2 июн, дар қиморхонаи Resorts World Manila чандин мизро ба оташ кашид ва дар натиҷаи он даҳҳо тан аз меҳмонҳо ҷон доданд. Вай худашро низ кушт.

XS
SM
MD
LG