Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маросими дафни қурбониён дар Кобул 6 тан кушта шуд. ВИДЕО


Дар пайи се таркиш дар маҳалли дафни Салим Эзадёр, яке аз панҷ қурбонии даргирии рӯзи ҷумъа дар Кобул, чанде аз сокинон кушта шуданд.

Салим Эзадёр, писари Муҳаммадалам Эзадёр, муовини аввали раиси палатаи болоии порлумони Афғонистон, рӯзи 2 июн дар вақти даргирии миёни эътирозгарон ва пулис дар Кобул ба ҳалокат расид ва имрӯз маросими дафнаш буд.

Дар таркишҳои маросими дафни қурбониён дар Кобул 6 тан кушта шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Мақомоти Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтанд, ки дар таркишҳои рӯзи шанбе 6 нафар кушта ва 87 тан захмӣ шуданд. Ваҳид Маҷруҳ, сухангӯи Вазорати тандурустии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз кушта ваё захмӣ шудани мақомоти давлатиро дар ин ҳодиса тасдиқ карда наметавонад.

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, низ рӯзи 3 июн ба хабаргузории “Франс-Пресс” гуфтааст, ки дар ин ҳодиса даҳ нафар ҷон бохтанд. Баъзе аз расонаҳои Афғонистон, аз ҷумла “Тулӯъ нюс”, теъдоди кушташудаҳоро беш аз 18 нафар шумурдаанд.

Муҳаммадосиф Садиқӣ, муовини дувуми раиси палатаи болоии порлумони Афғонистон, гуфтааст, ки ин инфиҷорҳо “ҳамалоти интиҳорӣ” буд ва ҳудуди 50 тан дар он кушта шуданд.

Дар маросими дафни қурбониёни даргирии рӯзи гузашта дар Кобул доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ва чанде аз мақомҳои дигари афғон ҳузур доштаанд. Ҷовид Файсал, муовини сухангӯи раёсати иҷроия, дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки дар ин рухдод ба оқои Абдуллоҳ осеб нарасидааст.

Бино ба хабарҳои таъйидношуда, дар инфиҷорҳои рӯзи шанбе Ҳамидуллоҳ Форуқӣ, раиси Донишгоҳи Кобул ва генерал Ҷуръат, яке аз фармондеҳони собиқ захмӣ шудаанд.

Толибони мусаллаҳ даст доштанашонро дар ин инфиҷорҳо рад карданд. То ҳанӯз кадом гурӯҳи дигар масъулияти таркишҳои маргборро бар ӯҳда нагирифтааст.

Тазоҳуроте, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфта баъдан ба даргирӣ миёни эътирозгарону пулис печид ва ҳадди ақал панҷ кушта барҷой гузошт, ҳанӯз дар Кобул идома дорад. Тазоҳургарон асосан истеъфои Муҳаммад Ашрафғанӣ, президенти Афғонистонро талаб карда ва чанд хостҳояшонро низ дар миён гузоштаанд ва мегӯянд, то замони бароварда шудани талабҳояшон аз эътироз даст нахоҳанд бардошт.

XS
SM
MD
LG