Дар задухӯрди миёни эътирозгарон ва пулис дар шаҳри Кобул чаҳор нафар кушта шуд. Воҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар ҳодисаи рӯзи ҷумъа ҳашт тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Эътирозгарон рӯзи 2 июн дар макони наздик ба таркиши пурқурбонии рӯзи 31-уми май ҷамъ шуда, истеъфои президент Ашраф Ғаниро талаб карданд. Дар ҳодисаи ду рӯзи қабл беш аз 90 нафар кушта ва 460 кас маҷрӯҳ шуданд. Дар пайи онки эътирозгарон талош карданд, хатти амниятии пулисро рахна кунанд, маъмурони пулис ба ҳаво тир холӣ карда, барои пароканда намудани мардум аз об ва гази ашковар истифода намуданд.
Эътирозгарон мехостанд, ба қасри раёсати ҷумҳурӣ ё Арг наздик шаванд. Баъзе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки пулис ба ҷониби афроде, ки мехостанд наздиктар ба самти қасри президентӣ раванд, тир кушод.
Муҳаммадалам Иззатёр, муовини аввали раиси Сенати Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин эътирозҳо писараш Салим Иззатёр маҷрӯҳ шуда, баъдан дар бемористон ҷон дод. Ҳанӯз маълум нест, ки Иззатёр дар чӣ шароит маҷрӯҳ шуд.
Матбуоти Афғонистон бо истинод ба муовини вазири умури амният генерал Муродалӣ Мурод гуфт, дар ин задухӯрдҳо шуморе аз эътирозгарон ва пулис кушта шуданд. Баъзе эътирозгарон ба сӯи пулис санг андохтанд. Дар ин эътироз, ки баъдан ба задухӯрд бо пулис печид, беш аз ҳазор нафар иштирок карданд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон бо арзи тасаллият дар робита бо қурбонии наздикони эътирозгарон, мардумро ба ҳамкорӣ даъват. Ӯ гуфт, баргузории намоиши эътирозӣ ҳақи қонунии онҳо аст ва ҳукумат омода ҳарфи дили эътирозгаронро бишнавад.
Бомбгузории рӯзи 31-уми май дар маркази Кобул, ки аксар қурбониҳояш афроди мулкӣ буданд, хунинтарин дар таърихи 16 соли баъди суқут додани режими Толибон аз ҷониби эътилофи ба раҳбарии Амрико мебошад. Ин ҳодиса суолҳоро дар заминаи тавонмандии ҳукумати Афғонистон барои муқобила бо ҷангиёни гурӯҳҳои Толибон ва “Давлати Исломӣ” эҷод кардааст.
Баъзе эътирозгарон дар ин раҳпаймоӣ бо акси азизони кушташудаашон дар бомбгузории ахир иштирок карданд. Дар дасти дигарон шиорҳои даъват ба истеъфои президент Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумат Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба чашм мехӯрд. Ин ду раҳбар дар натиҷаи як муомилаи тақсими қудрат дар пайи интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар соли 2014 раҳбарии Афғонистонро ба ӯҳда гирифтанд.
Хабаргузории Ройтерс гуфт, ки баъзе ходимони пулис ҳангоми кӯшиши рахна шудани ҳалқаи амниятӣ аз ҷониби эътирозгарон ба ҳаво тир холӣ карданд. Оҷонсии “Тулӯъ нюс” гуфт, шаш эътирозгар боздошт шуд.
Бо гузашти ду рӯз ҳам ҳанӯз маълум нест, ки таркиши ваҳшатбори рӯзи 31-уми май кори дасти кӣ буд, то ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Толибон гуфтанд, ки ба ин ҳамла аслан рабте надоранд. Ройтерс бо такя ба оҷонсии истихбороти Афғонистон гуфтааст, ин ҳодиса кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки ба Толибон марбут мебошад.