Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти муҳофизи пешини Отамбоевро қонеъ накард


Одил Турдуқулов
Одил Турдуқулов

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон шикояти муҳофизи пешини президенти ин кишвар Эркин Мамбеталиевро зидди раиси Кумитаи ҳифзи озодии баён Одил Турдуқулов қонеъ накарда, ҳукми додгоҳи поёниро бе тағйир гузошт. Дар ин бора Одил Турдуқулов хабар медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2016 Мамбеталиев бо даъвои ҳифзи шаъну шараф зидди навиштаҳои Турдуқулов дар Фейсбук, ба додгоҳ шикоят бурд. Зарари маънавиро даъвогар беш аз 73 ҳазор доллар муайян кард. 12 апрели соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек Турдуқуловро вазифадор кард, ки 50 ҳазор сом (наздики 730 доллар) ба Мамбеталиев пардозад ва ду навиштаашро аз Фейсбук пок созад.

Вакилони Мамбеталиев аз болои ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд. Аммо додгоҳи шаҳрӣ шикояти муҳофизи пешини президентро қонеъ накарда, ҳукми зинаи поёнии додгоҳро бе тағйир боқӣ гузошт.

Одил Турдуқулов мегӯяд, навиштаҳои фейсбукиаш асоси ҳуҷҷатӣ доранд. Вай гуфт, ба пардохти 730 доллар розӣ нест ва ба додгоҳи олӣ шикоят хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG