Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Фаъолияти ҳакерҳо ба "рӯҳияи ватандӯстӣ"-и онҳо вобаста аст


Путин дар сӯҳбат бо раҳбарони хабаргузориҳо. 1-уми июни соли 2017
Путин дар сӯҳбат бо раҳбарони хабаргузориҳо. 1-уми июни соли 2017

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, дахолати рахнагарони интернетиро ба интихоботи порлумонии Олмон, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад, аз эҳтимол соқит намекунад. Ӯ рӯзи 1-уми июн дар посух ба суоли раҳбари хабаргузории DPA-и Олмон Питер Кропша дар ин бора гуфт, амалкарди ҳакерҳо ба чигунагии равобити байни Маскав ва Берлин ва рӯҳияи ватанпарастии онҳо бастагӣ хоҳад дошт.

"Агар ҳакерҳо ватанпараст бошанд ва агар онҳо бинанд, ки нафаре дар бораи Русия бадгӯӣ мекунад, аз рӯи фаҳмиши худ кӯшиш мекунанд, саҳми дурусти худро гузоранд" - гуфт Владимир Путин.

Вай ҳамзамон таъкид кард, ки Русия дар сатҳи давлатӣ "ба ҳамлаҳои ҳакерӣ машғул нест ва ба чунин амалҳо даст ҳам намезанад". Путин гуфт, ки ҳеҷ рахнагарии интернетӣ наметавонад раванди интихобот дар кишвари дигарро комилан иваз кунад.

Хадамоти махсуси Амрико Русияро ба дахолат дар умури интихоботи президентии соли 2016 муттаҳам мекунанд. Дар Вашингтон мегӯянд, ки Путин шахсан ҳамлаи ҳакерӣ ба сервери гурӯҳҳои сиёсиии марбут ба Ҳизби Демократро дастур додааст. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG