Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти кадрӣ дар Додситонӣ ва Оҷонсии зидди маводи мухаддир


Раҳбарони Додситонии ҳафт шаҳру ноҳияи Тоҷикистон иваз шуданд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин тағйирот рӯзи 1-уми июн дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз раҳбарони нави додситонии ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Данғара, Фархор, Ҷалолуддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб таъин гардиданд.

Инчунин, муовини додситони шаҳри Душанбе, сардори раёсати кадрҳо ва сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии нақлиёти вилояти Суғд иваз шуданд. Аммо то кунун ному насаби додситонҳо ва сабаби тағйироти кадрӣ гуфта нашудааст. Дар ин миён, танҳо қазияи додситони пешини шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҷаҳонгирӣ маълум аст, ки дар оғози моҳи майи имсол барканор шуда буд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рӯзи панҷшанбе дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур чанде аз сардорони раёсати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир низ таъин гардиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG