Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти таркиши пурқурбонии Кобулро ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст


Саҳнаи таркиш дар Кобул. 31 майи соли 2017

Дар натиҷаи як таркиши қавии субҳи 31 май дар шаҳри Кобул ҳадди ақал 80 одам кушта, бештар аз 350 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора вазорати тандурустии Афғонистон хабар медиҳад.

Таркиш субҳи имрӯз дар минтақаи наздики кохи раёсатҷумҳур ва намояндагиҳои дипломатӣ замоне рух дод, ки мардум дар кӯчаҳо зиёд буданд. Бино бар иттилои пешакӣ, ҳамлагар мошини минкоришуда мунфаҷир кардаст. Ин таркиш ба биноҳои атроф низ зарар расонид.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки таркиш садои ваҳшатнок дошт ва одамон на танҳо дар саҳнаи инфиҷор, балки канортар аз он низ ҷароҳат бардоштанд.

Пулиси Кобул мегӯяд, таркиш дар наздикии сафорати Олмон рух дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа чанд идораи дигар низ ҷойгир аст. Ба ин хотир ҳадафи таркишро дақиқ кардан душвор аст, мегӯяд вай.

Айни замон маркази Кобул дар муҳосираи пулис қарор дорад. Ҳеч гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG