Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба мавқеи ДИИШ аз киштии зериобӣ зарба зад


Киштии Адмирал Григорович дар соҳилҳои Сурия
Киштии Адмирал Григорович дар соҳилҳои Сурия

Киштии зериобии Русия - "Краснодар" ва киштии "Адмирал Эссен" чаҳор мушаки болдори "Калбир"-ро ба мавқеи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия партоб карданд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.

Ба қавли масъулони вазорат мушакҳои навъи "Калибр" мавқеи ДИИШ навоҳии дар шаҳри Палмира дар ҷойе, ки бахши умдаи ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ ва таҷҳизоти сангини низомии онҳо ҷойгир аст, ҳадаф қарор доданд.

"Маскав қабл аз оғози ҳамлаи мушакӣ, Амрико, Туркия ва Исроилро дар ҷараён гузошт", - гуфтааст Вазорати дифои Русия.

Русия дар гузашта ҳадди ақал як дафъа - моҳи декабри соли 2015 бо истифода аз "Калибр" ба мавқеи ДИИШ дар Сурия зарба зада буд.

XS
SM
MD
LG