Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири собиқи Қирғизистон дар ростои иттиҳоми фасод қарор дорад


Оқилбек Ҷапаров ва Игор Чудинов
Оқилбек Ҷапаров ва Игор Чудинов

Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 30-юми май гуфт, ки нахуствазири собиқ Игор Чудинов дар заминаи қазияи фасодкорӣ мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.

Дар як изҳороти дигар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Чудинов бо Оқилбек Ҷапаров, вазири пешини иқтисод ва тиҷорат ва чанд нафари дигар ба истифодаи нодурусти наздик ба 3 миллион доллар гумонбар ҳастанд, ки ба тарҳҳои кишоварзӣ ҷудо шуда буд.

Чудинов ва Ҷапаров феълан дар порлумон аз Ҳизби Иттиҳод (Бир Бол) намояндагӣ мекунанд, ки як бахши эътилофи ҳукмрон дар Қирғизистон аст.

Игор Чудинов солҳои 2007-2009 дар ҳукумати президенти собиқ Қурмонбек Боқиев нахуствазир буд. Боқиев соли 2010 дар пайи намоишҳои эътирозии густарда аз мақом барканор шуд ва ба Беларус фирор кард. Оқилбек Ҷапаров вазири иқтисод ва тиҷорат буд ва соли 2009-2010 ба ҳайси ноиби аввали нахуствазир фаъолият кард.

Қонунгузорони ду ҳизби дигари дохили эътилофи ҳоким, инчунин, дар ростои бозҷӯӣ қарор доранд ва раҳбари ҳизби мухолифи "Ота макон" – Омурбк Текебоев ва мақомоти дигар дар ҳизби ӯ, моҳҳои гузашта ба фасодкорӣ муттаҳам шудаанд.

XS
SM
MD
LG