Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усқуфи рус издивоҷи ҳамҷинсҳоро ба қонунҳои фашистӣ барбар кард


Усқуфи Русия Кирилл дар Қирғизистон
Усқуфи Русия Кирилл дар Қирғизистон

Усқуфи Рус Кирилл гуфт, қонунҳое, ки ба издивоҷи ҳамҷинсҳо иҷозат медиҳанд, ба андозаи қонунҳои фашистӣ ва апартеиди Африқои Ҷанубӣ хашмбарангез ҳастанд. Ба гуфтаи хабаргузории РИА Новости, Кирилл дар ин замина тазоҳуроти зидди издивоҷи ҳамҷинсҳо дар Фаронсаро намуна овард.

Усқуфи рус дар ин бора рӯзи 29 май дара ҷараёни сафараш ба Қирғизистон изҳорот дод. Ба гуфтаи ӯ қонунҳое, ки ба принсипҳои ахлоқӣ мухолифат мекунанд, "барои инсон ҳукми иҷро надорад ва ҳамаи қонунҳо дар баробари қонуни ахлоқ дуюмдараҷа ҳастанд."

Қонунуи издивоҷи ҳамҷинсҳо ва ҳақи фарзандхонӣ дар Фаронса соли 2013 қабул шуд. Дар ҳоли ҳозир 21 давлати дунё издивоҷи ҳаминсҳоро қонунӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG