Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик 8 қочоқбарро дар сарҳад куштаанд


Марз бо Афғонистон дар Бадахшон
Марз бо Афғонистон дар Бадахшон

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар панҷ моҳи гузашта, марзбонон дар сарҳади кишвар бо Афғонистон 8 қочоқбари маводи мухаддиро куштаанд ва 5 нафари дигарро дастгир кардаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки дар ин муддат, нерӯҳои марзбонӣ 11 бор бо қочоқбарон вориди даргирӣ шудаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад ва баъзе аз минтақаҳои кӯҳӣ ва осонгузари онро қочоқбарон барои ворид кардани афюну ҳероин, тарёк ва ҳашиш ба Тоҷикистон истифода мекунанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ки дар робита ба “Рӯзи марзбонон”, ки дар Тоҷикистон 28-уми май муқаррар шудааст, бо хабаргузории “Ховар” сӯҳбат карда ва ҳамчунин гуфтааст, ки бесуботӣ дар Афғонистон ба авзоъ дар марзи Тоҷикистон ҳам бетаъсир намондааст.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмон, “Бо сабаби мухолифати нерӯҳои давлатии Афғонистон бо Толибон, ҷангҷӯёни «Ҳаракати исломӣ», «Ҷамоат-Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳо, вазъият дар ин кишвари ҳамсарҳад мурракаб мебошад.

Ҳамаи ин ба вазъи сарҳади мо бо Афғонистон бетаъсир монда наметавонад.» Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вазъи Афғонистон ва тарки ин кишвар кардани нерӯҳои хориҷӣ масъулияти сарҳадбонони тоҷик бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG