Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамла ба қибтиҳои масеҳӣ дар Мисрро бар дӯш гирифт, ки ба гуфтаи тундравон, 32 кушта бар ҷой гузошт.
Ба иттилои мақомоти Миср, дар натиҷаи ин ҳамла 29 нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Пулиси Миср мегӯяд, як гуруҳи мусаллаҳи ниқобпӯшон ба автобусе ҳамла карданд, ки зоирини қибтиро ба зиёратгоҳе дар ҷануби шаҳри ал-Минёи ин кишвар мебурд.
Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ баъди ҳамлаи мазкур аз зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои ДИ дар Либия хабар дод. Низомиён гуфтанд, ки рӯзи шанбе як қатор пойгоҳҳои тундравон -- маҳалли ҳамла ба қибтиҳо маҳв карда шуд.