Ҳазорон нафар аз исроилиҳо рӯзи 27-уми май бо ташкили тазоҳурот дар Телавив аз эҷоди давлати фаластиниҳо ҳимоят карданд. Тазоҳургарон дар даст шиори “Ду давлат, як умед”-ро доштанд.
Ави Бускила, раиси созмони ғайриҳукуматии “Peace Now” дар Исроил, гуфт, онҳо дар эътироз “ба адами умед барои хатми идомаи ишғол, хушунат ва нажодпарастӣ” аз тарафи ҳукумат даст ба тазоҳурот заданд. Дар як паём ба тазоҳургарон Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин ҳам гуфтааст, “вақти он расида, ки дар якҷоягӣ, амният ва субот зиндагӣ кунем”.
Исҳоқ Ҳерзог, раҳбари ҳизби мухолифи коргари Исроил дар ин тазоҳурот ширкат кардааст.
Исроил панҷоҳ сол пеш дар ҷараёни ҷанги шашрӯза бо ҳамсояҳои арабаш Каронаи Ғарбӣ ва шарқи Байтулмуқаддасро аз Урдун тасарруф кард.