Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷику афғон дар Кобул “прокотол”-и нав имзо карданд


Дар шаҳри Кобул ҷаласаи шашуми Кумисюни муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин нишаст масъалаи тиҷорату нақлиёт, энержӣ, тандурустӣ ва ҷаҳонгардӣ баррасӣ гардид. Ду тараф дар поёни ҷаласа “протокол” ё тафоҳумномаи нави тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистонро ҳам имзо кардаанд. Абдусаттор Мурод, вазири иқтисоди Афғонистон, охири ҳафтаи гузашта гуфтааст, “мо муштарак кор мекунем, то робитаи тиҷоратии ду кишвар рушд кунад. Талош дорем, мавридҳое, ки аз тафоҳумномаҳои гузашта боқӣ мондааст, низ иҷро шаванд”. Дар ҳамин ҳол, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз майли Душанбе ба тавсеаи муносибати тиҷоратӣ бо Афғонистон сухан гуфтааст. Дар ҳоли ҳозир додугирифти Тоҷикистону Афғонистон дар як сол ба 75 миллион доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG