Пайвандҳои дастрасӣ

Шарҳи ҳоли Устопириён


Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015 хатм кардааст. Ӯ аз сулолаи паҳлавонон Устопировҳо мебошад. Вай аз соли 2012 ба ҷудо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров мебошад. Баъдан таҳти раҳбарии Владимир Елчанинов тамрин кардааст. Ҳоло бо раҳбарии бародараш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, машқ мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Комроншоҳи Устопириён соли 2013 дар Ҷоми Аврупо дар Киеви Украина ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин дар Хасавюрти Доғистон, дар Гран-прии Алматии Қазоқистон, дар Гран-прии Тошканди Узбакистон ҷойҳои сеюм, соли 2014 дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остонаи Қазоқистон ҷойи аввал, соли 2015 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остона ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд ҷойи дуюм, соли 2016 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ҷойи аввал, соли 2017 дар Гран-прии Дюсселдорфи Олмон ҷойи ҳафтум, дар Гран-прии Анталияи Туркия ҷойи дуюм ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг ҷойи аввалро соҳиб шудааст.

Ӯ аввалин бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат кардааст. Баъди Олимпиадаи Рио моҳи сентябри соли гузашта издивоҷ кардааст.

Комроншоҳи Устопириён дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо 1460 имтиёз дар байни 299 гуштигири ҷаҳон дар вазни зери 90 килограмм дар мақоми 12-ум қарор дорад. Ӯ дар риштаҳои самбо ва гуштии кураш низ ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалист.

XS
SM
MD
LG