Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтагонаи бузург" дар мавриди тағйири иқлим забон наёфтанд


Раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон, маъруф ба G7, дар мавриди тиҷорат ва ҳатто таҳрими иловагӣ алайҳи Русия тавофуқ карданд, вале дар мавриди тағйири иқлим забон наёфтанд. Бино ба эломиияе, ки рӯзи 27-уми май нашр шуд, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Ҷопон ваъда доданд, ки тавофуқи соли 2015-и Порисро иҷро хоҳанд кард. Тавофуқе, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз партоби газҳои гулхонаӣ анҷом шуда буд.

Аммо дар ин эъломия омадааст, Амрико дар ҳоли бознигарии сиёсатҳояш дар бораи тағйироти иқлим ва тавофуқи Порис аст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амркио, қаблан таҳдид карда буд, ки аз тавофуқи Порис берун мешавад. Вай рӯзи 27-уми май дар Твиттер навишт, ҳафтаи оянда дар ин маврид тасмими ниҳоиашро хоҳад гирифт.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфтааст, ки баҳс дар марвиди тиҷорат ҳам бисёр душвор буд. Аммо ӯ бо ризоятмандӣ гуфт, ки Доналд Трамп ба матни эъломия дар ин маврид эътирозе надошт.

Раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон дар мавриди таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русия ба хотири мудохилаи ин кишвар дар Украина ибрози омодагӣ карданд. Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қримро тасарруф кард. Ҳамин буд, ки Амркио ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ намуданд.

Раҳбарони G7, инчунин, дар мавриди Сурия баҳс карданд ва аз Русияву Эрон хостанд, ки аз раванди сулҳ пуштибонӣ кунанд. Русияву Эрон ҳарду аз ҳомиёни режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд.

Гуруҳи “Ҳафтгоани бузург” аз озмоиши мушакӣ ва ҳастаии Куриёи Шимолӣ бо шадидтарин лаҳн танқид карда ва гуфтанд, ки пас аз чандин даври таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Пхенян, омода ҳастанд, иқдоми бештаррео рӯи даст гиранд.

Нишасти дурӯза 27-уми май дар Итолиё ба поён расид.

XS
SM
MD
LG