Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти G7. Ҳама банд кушода шуд, ба ҷуз аз тағйири иқлим


Раҳбарони кишварҳои G7 ё "ҳафтгоани бузург" дар рӯзи дувуми ҷаласаи худ дар Итолиё бо раҳбарони баъзе кишварҳои африқоӣ мулоқот карданд. Аз соли 2014 ба ин сӯ беш аз ним миллион муҳоҷири африқоӣ аз Баҳри Миёназамин гузашта ва дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Аврупо дар соҳилҳои Итолиё фуруд омадаанд.

Рӯзи 26-уми май раҳбарони Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Ҷопон ва Амрико тааҳуд намуданд, ки ҷанг алайҳи терроризмро шадидтар мекунанд. Онҳо аз масъулони хадамоти интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд, ки кӯшишҳоро барои назорати матнҳои ифротгароёна бештар намоянд.

Раҳбарони G7 гуфтанд, дар бисёре аз масоили муҳими сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла мавзӯи Сурия, Куриёи Шимолӣ ва Либия, тавофуқи назар вуҷуд дошт. Аммо, ба қавли онҳо, дар мавзӯъҳои дигар ба монанди тағйири иқлим ихтилофи назар мушоҳида мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба шарикони худ дар гуруҳи G7 гуфтааст, ӯ ҳанӯз тасмиим нагирифта, ки мувофиқатномаи соли 2015-и Порисро дар мавриди маҳдуд кардани газҳои гулхонаӣ тасдиқ кунад, ё на. Баъдан ӯ дар Твиттер навишт, ки то як ҳафтаи дигар дар ин бора тасмим хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG