Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳи ҷустуҷӯи Нишонаи бенишон дар Норак. ВИДЕО


Модараш мегӯяд, Нишона аксбардориро дӯст медошт
Модараш мегӯяд, Нишона аксбардориро дӯст медошт

Мақомоти шаҳри Норак, дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯянд, бо гузашти як моҳ ҷасади духтареро, ки бовар меравад вақти "селфи" ба дарё афтода ғарқ шудааст, пайдо накардаанд. Ҳоло ҷустуҷӯ фаротар аз марзи ин шаҳр оғоз шудааст.

Нишона Умарова, хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 3-и шаҳри Норак моҳи апрел ҳамроҳи як ҳамсинф ва духтари ҳамсояашон мехост, акси худро дар соҳили обҳои пуршӯри Вахш ба телефон бардорад, вале ба дарё афтода ғарқ шуд. Ин аввалин ҳодисаи марги як нафар дар Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши гирифтани акси "селфӣ" мебошад.

Масъулин мегӯяд, эҳтимоли тариқи обпартоҳо гузаштани ҷасад ба рӯдхонаҳои ноҳияи Ёвону Сарбанд вуҷуд дорад. Ҷустуҷӯи ҷасад дар канори баҳри Норак низ идома дорад. Файзулло Ҳусейнов, сардори идораи ҳолатҳои изтирории шаҳри Норак рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи наҷотбахшон нишон медиҳад, ки агар қурбонӣ ҳангоми фоҷиа бо либоси васеъ, масалан куртаи тоҷикӣ мебуд, пайдо кардани ҷасад осонтар буд. Вале чун дар тан ҷинс доштааст, шояд ба чизе бархӯрдааст, ки рӯи об намебароя.

"Мо ҷустуҷӯ дорем дар баҳр, дар канори дарё, ҳатто моҳидоронро гуфтем, ки назорат баранд, то ҷасадро пайдо кунем", - афзуд ӯ.

Аз Нишона нишонае нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Масъулини идораи ҳолатҳои изтирорӣ дар шаҳри Норак мегӯянд, мутаассифона, дар бархе ҳолатҳо ҷустуҷӯи ҷасад то 40 рӯз ҳам идома мекунад.

Дар ҳамин ҳол, модар ва наздикони дигари Нишона, ки шадидан афсурдаву ноумед шудаанд, танҳо як орзу доранд, ҷасади фарзанди нокоми худро ба хок супоранд ва як андоза оромиши рӯҳӣ пайдо кунанд. Сафармоҳ Алиева, модари Нишона дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандонашро бе падар калон карда буд ва чун духтараш хоҳиш кард, барояш телефони нав бихарад, хоҳиши ӯро рад карда натавонист.

Ҳарчанд барои Тоҷикистон марги инсон ҳангоми гирифтани акси селфӣ ҳодисаи нодир аст, хабаргузориҳои ҷаҳон дар бораи ҳалокати корбарони телефонҳои мобил дар чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаанд.

Дар бисёр ҳолат талоши гирифтани акси ғайриоддӣ дар макони хатарноке мисли боми баландошёна, ҳангоми ҳаракати қатор, лаби кӯҳи баланд ва ё дарё бо фоҷиа анҷомидааст. Вазорати нақлиёти Амрико гуфтааст, дар соли 2014, 33 ҳазор ҳодисаи ҷароҳату марги инсонҳо ҳангоми гирифтани селфи дар ҳоли ронандагӣ сабт шудааст. Нашрияи "Вашингтон пост" навиштааст, соли 2015 дар ҷаҳон 27 нафар ҳангоми селфи ҷон бохтанд ва нисфи ин ҳодисаҳо дар Ҳинд сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG