Шаҳрдории Кобул мегӯяд, ки муаррифии даҳҳо тан аз кормандони ин идора ба Додситонии Афғонистон ба ҳадафи мубориза бо фасоди идорӣ сурат гирифтааст. Шаҳрдории Кобул дар як соли гузашта 150 тан аз кормандонашро, ки ба даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам мебошанд, ба додситонӣ муаррифӣ кардааст.
Ҷалил Султонӣ, сухангӯи шаҳрдории Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз як сол ба ин сӯ қазияиҳои марбут ба фасоди идорӣ, ки дар шаҳрдорӣ вуҷуд дошт, таҳти баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва шуморе аз ин қазияҳо ба ниҳодҳои тафтишотӣ пешниҳод шуд. Оқои Султонӣ гуфт, ки “шумораи ин афрод аз 150 тан бештар мебошанд ва афроде мебошанд, ки ба даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам ҳастанд ва дар миёни кормандони раддаҳои боло ва поин монанди раисони бахшҳои мухталифи ин идора шомиланд ва ин раванд идома дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Кобул, дар миёни афроде, ки аз сӯи ин идора ба додситонӣ муаррифӣ шудаанд, раисони марказӣ ва ноҳияҳо, кормандони бахшҳои қарордодҳо ва мудирони тақсими замин ҳам шомил мебошанд. Султонӣ гуфтааст, касоне ки аз сӯи шаҳрдории Кобул парвандаҳояшон ба додситонӣ рафтааст, вазифаҳояшон ба ҳолати таълиқ даромада ва дар сурате, ки аз сӯи ниҳодҳои тафтишотӣ бегуноҳ эълон шаванд, дубора ба корашон дар шаҳрдорӣ идома хоҳанд дод.
Додситонии Афғонистон низ таъйид кардааст, ки дар миёни ҳазорон парвандае, ки тайи як соли охир ба онҳо расидаааст, парвандаҳои кормандони шаҳрдории Кобул низ мебошанд.