Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо мехоҳанд, ки Ҳикматёр мурофиа шавад


Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, додхост ё петитсияеро аз афғонҳо дарёфт кард, ки барқарории адолатро дар баробари қурбониҳои ҷангсолор Ҳикматёр талаб доранд.

Ҳикматёр раҳбари асосии яке аз ҷиноҳҳои даргир дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Афғонистон аст. Ӯ моҳи равон ҳамчун як бахши созиши сулҳ бо Ҳукумати Афғонистон, ки масунияташро кафолат додааст ба кишвар баргашт.

Бисёр афғонҳо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Ғарб, ки Ҳикматёр ва Ҳизби Исломии ӯро дар нақзи ошкори ҳуқуқи башар дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамлаҳо ба нерӯҳои Амрикову афғон, баъди ронда шудани Толибон аз қудрат масъул медонанд, аз созиши сулҳ дар байни ҳукумат ва Ҳикматёр танқид карданд.

"Шаҳрвандони Афғонистон ва дигар қурбониёни ҷиноят набояд аз ҳуқуқи ҷуброни қазоӣ ё додгоҳӣ маҳрум шаванд,"- гуфт Тадамичӣ Ямомото, намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон.

Аз сӯи дигар СММ аз тааҳудоти хушунатзудо, ба мисли созиши Ҳикматёр бо ҳукумат дар Афғонистон ва имкони ҳамзистии осоиштаи афғонҳо дар канори якдигар истиқбол мекунад.

XS
SM
MD
LG