Бурҳон Сафарӣ, хабарнигори шинохтаи тоҷик шаби 25 май дар сини 55 солагӣ аз дунё даргузашт.
Ӯ оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар вилояти Хатлон аввалин телевизион ва нашрияи хусусии “Ҷоми Ҷам”-ро таъсис дода буд.
“Ҷоми Ҷам” пас аз нашри 8 шумора баста шуд ва Бурҳон Сафарӣ зери таъқиб Тоҷикистонро тарк кард. Ӯ замони фирор дар Русия бо нашрияҳои русӣ ҳамкорӣ мекард.
Бахтиёр Сафаров, бародари ӯ 25 май ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ду моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мебурд.
-Табобат кардем, вале ҳолаташ беҳ нашуд,-гуфт ӯ.
Баҳриддин Сангимад, яке аз шогирдони Бурҳон Сафарӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ замони ҷанги шаҳрванди шикаст ва дигар ба худ наомад.”
-Бо нашрияҳо ҳамкорӣ мекард. Охири вақт ба мо дар нашри ҳафтаномаи Донишгоҳи Кӯлоб-“Анвори Дониш” кӯмак мерасонд. Ноумед шуда буд. Мақолаҳои таҳлилӣ-танқидӣ менавишт, вале ҳеҷ куҷо ҷои нашр намеёфт. Чанд соли охир мисли гушанишин буд ва ҳамеша танҳо мегашт,-гуфт ӯ.
Дӯстонаш ӯро як рӯзноманигори озодандеш унвон мекунанд.
Бурҳон Сафарӣ солҳои ахир ҳамчун хабарнигори мутақил барои нашрияҳо матлаб менавишт ва зимнан кори тарҷумонӣ мекард.