Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум Доналд Трампро ба сулҳсозӣ даъват кард


Нахустин мулоқоти Доналд Трамп бо Попи Рум дар Ватикан
Нахустин мулоқоти Доналд Трамп бо Попи Рум дар Ватикан

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахустин мулоқоташро бо Поп Франсис рӯзи чоршанбе дар Ватикан анҷом дод. Мулоқоти онҳо 30 дақиқа идома дошт. Баъди сӯҳбати хусусӣ бо Поп, Трамп ва ҳамсари ӯ Меланиа , намояндагони дигари хонаводаи президент, Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ва Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Макмастер барои фурсати як акси таърихӣ ҷамъ шуданд.

Дар Рум ҳамчунин Трамп бо президенти Италия Серҷио Маттарелла ва нахуствазир Паоло Ҷентилонӣ мулоқот кард.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 23 май аз Исроил ва Каронаи ғарбии рӯди Урдун ба Италия рафт. Ӯ дар он ҷо гуфт, ки агар Исроил ва Фаластин ба тавофуқ бирасанд, раванди сулҳ дар саросари Ховари Миёна оғоз хоҳад шуд.

Трамп нахустин силсилаи сафарҳояш ба хориҷи кишварро рӯзи 21 май аз Арабистони Саудӣ оғоз кард ва дар нишасти раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ иштирок намуд.

XS
SM
MD
LG