Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Манчестерро писари як паноҳҷӯи Либия анҷом додааст


"Барои Манчестер дуо кунед" тоблуе дар наздикии саҳнаи таркиш
"Барои Манчестер дуо кунед" тоблуе дар наздикии саҳнаи таркиш

Дар робита ба таркиши рӯзи 22 май дар толори консертии Манчестер Арена, ки 22 кушта ва даҳҳо маҷрӯҳ дорад, се гумонбари дигар боздошт шуд.

Пулиси Манчестер гуфт, ки онҳоро рӯзи 24 май дар қисмати ҷанубии шаҳр боздошт карданд, аммо иттилои аз ин бештар надод. Рӯзи 23 май мақомот як марди 23 соларо бо гумони ҳамдастӣ бо бомбагузории ахир боздошт карда буданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифтааст.

Рӯзи чаҳоршанбе мири Лондон Сиддиқ Хон аз истиқрори нерӯҳои бештар дар кӯчаҳои Лондон хабар дод.

Мақомоти Бритониё номи гумонбари ҳамла ба толори консертии шаҳри Манчестерро эълом карданд, ки дар ҷойи ҳодиса кушта шуд. Аз ӯ Салмон Обидӣ, сокини 23-солаи ин шаҳр ном бурда мешавад.Падару модари Обидӣ ибтидои соли 1990 дар пайи саркӯбҳои режими Муаммар Қазофӣ аз Либия ба Бритониё фирор кардаанд.

Ин таркиш баъди ҳунарнамоии овозхони амрикоӣ Ариана Гранде дар толори Manchester Arena рух дод. Дар пайи теракти Манчестер маъракаҳои интихоботии Бритониё қатъ шуд. Қарор аст, 8 июн дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG