Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарманди Британия Роҷер Мур дар Шветсария даргузашт


Ҷоизаи Роҷер Мур барои саҳмаш синамои ҷаҳон
Ҷоизаи Роҷер Мур барои саҳмаш синамои ҷаҳон

Ҳунарманди синамо Роҷер Мур, ки бо нақши Ҷеймс Бонд шӯҳрат пайдо карда буд, дар синни 89 солагӣ аз дунё даргузашт.

Хешовандонаш сабаби марги ӯро бемории саратон гуфтанд. Мур дар Шветсария даргузашт. Тибқи васияташ ҳунармандро дар Монако ба хок месупоранд.

Роҷер Мур ва Барбара Бах ҳангоми муаррифии филми "Ҷосусе, ки маро дӯст медошт" , соли 1977
Роҷер Мур ва Барбара Бах ҳангоми муаррифии филми "Ҷосусе, ки маро дӯст медошт" , соли 1977

Роҷер Мур 14 октябри соли 1927 дар Лондон ба дунё омад. Ӯ дар ҳафт бахши филми "агент-007" саҳм гирифтааст.

XS
SM
MD
LG