Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба бошишгоҳи сарбозон дар Қандаҳор 10 нафарро қурбон кард


Аск аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯён ба бошишгоҳи артиш дар вилояти ҷанубии Қандаҳор дастикам 10 нафар кушта шуд. Ба қавли мақомоти Вазорати дифои Афғонистон, дар ин ҳамла, ки нимашаби 22-юми май дар пойгоҳи Ашакзаи ноҳияи Валикот сурат гирифт, 9 тани дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати дифоъ Давлат Вазирӣ гуфт, дар ҷараёни ҷанги чандсоатӣ ба камиаш 12 ҳамлагар кушта шуд.

Толибон ва гурӯҳҳои ҷангии дигар дар Афғонистон моҳҳои ахир ҳуҷумҳоро дар чанд минтақа афзоиш додаанд.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон 16 соли ахир бо гурӯҳи тундрави Толибон мубориза мебаранд, ки эътилофи таҳти сарварии ИМА ҳукумати онҳоро дар соли 2001, баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри ҳамон сол ба Амрико, сарнагун кард.

Бо назардошти ниёзмандии артиши Афғонистон ба тамрину машварат, ҳоло Амрико эҳтимоли интиқоли аз 3 то 5 ҳазор низомӣ ба ин кишварро баррасӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Бовар надоштем, ки духтари мо 9 "миллионӣ" мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG