Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии муовини раиси ҳукумати Туркманистон


Ботур Эрешов
Ботур Эрешов

Муовини раиси девони вазирони Туркманистон Ботур Эрешов худкушӣ кард. Манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки Эрешов баъди боздошти писараш ба ин кор даст задааст.

Дар бораи ин ҳодиса расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд. Бино ба иттилои сарчашмаҳо, писари Ботур Эрешов бо миқдори зиёди маблағ боздошт шуд.

“Эрешовро таъқиб мекарданд, вай хабар ёфт, ки дар фурсатҳои наздик бояд боздошт шавад. Баъдан ӯ худашро овехт. Ҷасадашро бурданд ва се рӯз ба пайвандонаш надоданд. Овоза аст, ки ҷасади Эрешовро дар ҳудуди Узбакистон – зодгоҳаш ба хок супоридаанд. Писараш ҳанӯз дар боздошт аст”, - мегӯянд сарчашмаҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Вебсайти “Хроника Туркменистана” менависад, Эрешов дар қабристоне дар вилояти Бухорои Узбакистон ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG