Пайвандҳои дастрасӣ

Тими Шветсия бо пирӯзӣ бар тими Канада дар бозии ниҳоии ҷоми ҷаҳони ҳоккей, ки рӯзи якшанбеи 21 май дар Олмон баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст овард.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби баробар ба охир расид. Дар дақиқаҳои изофӣ низ бартарии тимҳо муайян нашуд. Танҳо дар зарбаҳои ҷаримавӣ шведҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, тими Шведсия бори 10-ум ҷоми тилоии ҷаҳонро дар риштаи ҳоккей соҳиб шуд.

Тими Русия дар ин сабқат бо пирӯз шудан бар тими Фаронса бо ҳисоби 5:3 медали биринҷиро соҳиб гардид.

Мусобиқаи навбатии ҳоккей соли 2018 дар Дания баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG