Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байналмилалӣ ихроҷи дастаҷамъонаи коргарон дар Туркияро маҳкум кард


Акс аз бойгонӣ

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ, мавҷи ихроҷҳои худсаронаи когарони сохторҳои ҳукумат дар Туркияро, ки баъди кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июли соли 2016 дар якчанд марҳила анҷом шуд, маҳкум кард.

Аз замони кӯшиши сарнагун кардани Раҷаб Тайи Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, беш аз 100 ҳазор кoрманди сохторҳои давлатӣ, бо шумули кормандони соҳаи адлия ва низомиён аз кор ронда шуданд, - омадааст дар гузориши Афви Байналмилалӣ, ки рӯзи 22 май нашр шуд.

Дар гузорише таҳти унвони "Поёни нонамоён", ин созмон ихроҷҳои оммавиро, ки ба гуфтаи Афви Байналмилалӣ ба таври худсарона ва бар пояи иттиҳомоти номушаххас ва умумии марбут ба терроризм анҷом шудаанд, маҳкум кард.

Афви Байналмилалӣ мегӯяд, ки ихроҷшудаҳо ҷойи кори худро дар заминаи амре аз даст доданд, ки дар чаҳорчӯби эълони вазъи фавқулодда амалӣ шуд. Туркия баъди чанд рӯзи кӯшиши табаддулот вазъи фавқулодда эълон кард, ки се дафъа нав шуд ва бояд 19 июл ба поён бирасад.

Созмони Афви байналмилалӣ аз Анқара даъват кард, барои онҳое, ки аз кор ронда шудаанд, механизми ба чолиш кашидани ихроҷро фароҳам оварад.

Ба ғайри ихроҷҳои оммавӣ, Туркия ҳамчунин 47 ҳазор нафарро бо иттиҳоми робита бо рӯҳонии шинохтаи турк Фатҳулло Гулен, ки дар Амрико ба сар мебарад, боздошт кардааст.

Анқара Гуленро тарҳрези кӯшиши табаддулоти давлатӣ эълон кард ва аз Амрико хост, ки ӯро ба Туркия супорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG